Барои нахустин бор дар Тоҷикистон масъалаи мамнӯъ эълон кардани ҷараёни Салафия дар миён гузошта шуд

Душанбе. 18-уми октябр – Барои нахустин бор дар Тоҷикистон масъалаи мамнӯъ эълон кардани ҷараёни Салафия дар миён гузошта шуд. Додситонии вилояти Хатлон гуфт, ки дар як номаи худ унвонии додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳаракатҳои ба истилоҳ иртиҷоии ҷараёни Салафия дар кишвар мутаваққиф гардад. Саидмурод Қодиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони Хатлон мегӯяд, ки мақомот дар […]

ozodi.org



Душанбе. 18-уми октябр – Барои нахустин бор дар Тоҷикистон масъалаи мамнӯъ эълон кардани ҷараёни Салафия дар миён гузошта шуд.






Додситонии вилояти Хатлон гуфт, ки дар як номаи худ унвонии додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳаракатҳои ба истилоҳ иртиҷоии ҷараёни Салафия дар кишвар мутаваққиф гардад.





Саидмурод Қодиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони Хатлон мегӯяд, ки мақомот дар робита ба ҷилавгирӣ аз тавсеъаи ҷараёни Салафия чораҳо меандешанд:






 

«Пайравони ҷараёни Салафия дар миқёси вилояти мо ҳам пинҳонӣ амал мекунанд. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа дар якҷоягӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар ин самт корҳои назаррас анҷом додаанд ва мо вобаста ба боздоштан, қатъ намудани ин ҷараён таклифи худро ба додситонии кул

 

аллакай пешниҳод кардем.»





Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, шумори бештари пешвоён ва пайравони ҷараёни Салафия дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Панҷ, Бохтар ва Ҳамадонӣ фаъолият доштаанд. Бар асоси маълумоти расмӣ, шумори пайравони Салафия дар ҷануби Тоҷикистон ҳамагӣ ба 120 нафар мерасидааст.





Салафиҳо мегӯянд, кору пайкор ва аҳдофи пуштибонони ин ҷараён ба ҳақиқати Ислом наздиктар буда, аммо ба ҳеҷ сурат муғойир ба қавонини кишвар нест. Як таҳлилгари масоили динӣ аз Қурғонтеппа, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, ки пайравони Салафия ва Ҳанафия дар ақида тақрибан ба ҳам мухолифат надоранд, чун дар умум онҳо суннимазҳабанд, вале Салафиҳо ихтилофи ақидатии худро танҳо бо шиамазҳабон гоҳе ошкор нишон медиҳанд.





Коршиносони тоҷик бо таъкид ба озодии дину эътиқод дар кишвар, ки қонунҳо кафолат медиҳанд, тахмин мезананд, ки дар сурати расман мамнӯъ эълом шудани ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон, ба гумони ғолиб, низоъву нофаҳмиҳои дигар сар хоҳад зад. Қаландар Садруддинзода, раиси бахши хатлонии ҲНИТ дар ин робита гуфт: «Салафиҳо ба амнияти идеологии кишвар ягон зиён надоранд. Ба рафтору дар корашон мудохила андохтану миёни мардум тафриқа андохтан лозим нест. Агар ҳоло органҳои қудратӣ талоши мудохила ба ҷараёни Салафия кунанду, ин масъаларо якҷониба баррасӣ намоянд, бегумон сабаби бархӯрду ҷонибгирӣ, сабаби душманию пинҳонкорӣ пайдо мешавад. Бигзор ҳар кас кори худашро кунад, органҳои қудратӣ беогоҳӣ бояд ба умури дину мазҳаб дахл накунанд, зеро ин ба манфиати ҷомеа нест.»






 

Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран додситони кулли кишвар Бобоҷон Бобохонов низ дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, додситонӣ ба таҳқиқи равияҳои навпайдои динӣ, бавижа Салафия пардохтааст. Ба гуфтаи додситони кул, феълан, аз ҷониби пайравони Салафия хатаре ба амнияти кишвар ҳис намешавад. Вале нуктаи назари ниҳоии додситонии кул пас аз омӯзиши асноди пешниҳодшуда ва нуқтаи назари сохторҳои зирабт мунташир хоҳад шуд.

 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат