Бо дастгирии БРО ва БҶ дар Тоҷикистон ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта сохта мешавад

Date:



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – То моҳи марти соли оянда Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта бунёд созад.





           

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор дошт, ки ин анборҳо дар вилояти Суғду Хатлон барои кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ бо дастгирии Бонки рушди Осиё (БРО) ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) сохта мешаванд.




           

Ба қавли ӯ, барои нигоҳдории маҳсулоти сертификатшуда, ки ба хориҷи кишвар бароварда мешавад, хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағи ночизе – 0,1-0,5 дарсад аз арзиши умумии пахтаи коркардшударо пардохт мекунанд.



Қ.Қосимов афзуд, ки бунёди анборҳои гумрукӣ барои пардохти қарзҳо низ кӯмак хоҳад кард, зеро қаблан бинобар мавҷуд набудани анбор онҳо маҳсулоташонро дар корхонаҳои коркарди пахта нигоҳ медоштанд ва барои он ба корхона маблағи муайяне пардохт менамуданд, ки ин ба қарзи онҳо зам мегардид.




           



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...