Оғози интиқоли нерӯи барқи Туркманистон

Date:



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор дошт, ки аз моҳи ноябр интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон оғоз мегардад.





           

Ба қавли ӯ, дар шаҳри Алмаато энергетикҳои ӯзбек гуфтаанд, ки таъмири хати интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути ин кишвар то моҳи ноябр ба анҷом мерасад. «Барои транзити интиқоли нерӯи барқ мо ба ҷониби Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунем», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, аз 1-уми ноябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ бо арзиши 3 сент барои 1кВт/соат ба Тоҷикистон 400 млн.кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода мешавад.




           

Дар ҳамин ҳол, ӯ мегӯяд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, дар саросари ҷумҳурӣ қарздорон аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум карда мешаванд. «Аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ба маблағи 174 млн. сомонӣ қарздор аст, миёни корхонаҳои кишвар қарзи аз ҳама бештар, ки

 

наздик ба 100 млн. сомонӣ баробар аст, ба дӯши Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ аст», – гуфт ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад, вале мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, соли гузашта аз Туркманистон ба миқдори 944 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид гардидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...