Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов шоми имрӯз ба Душанбе меояд

Душанбе. 23-уми -Рӯзҳои 24-25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор мегардад. Форум таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Миронов ҷараён мегирад. Инчунин, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вадим Густов, […]

root


Душанбе. 23-уми -Рӯзҳои 24-25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор мегардад.




Форум таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Миронов ҷараён мегирад.



Инчунин, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вадим Густов, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов, сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия П. Смагина ва дигарон маърӯза мекунанд.




 

Дар доираи Форуми байнипарлумонӣ вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон баргузории мизҳои мудаввар дар мавзуҳои «Раванди танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Рушди робитаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ» ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба имзо расонидани Созишномаҳои ҳамкорӣ байни сохторҳои соҳавӣ, вилоятҳои Тоҷикистон бо субъектҳои марбутаи Федератсияи Русия дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.