Вазорати молия: Бӯхрони молиявӣ ба Тоҷикистон таъсири бевосита нахоҳад дошт

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозори молиявии Тоҷикистон бевосита ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт, вале эҳтимоли таъсири бавоситаи он аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, иллати аслии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши шумораи коғазҳои қимматнок ва қарздиҳии ипотекӣ мебошад. «Ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозори молиявии Тоҷикистон бевосита ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт, вале эҳтимоли таъсири бавоситаи он аз эҳтимол дур нест.




Ба қавли ӯ, иллати аслии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши шумораи коғазҳои қимматнок ва қарздиҳии ипотекӣ мебошад. «Ба ҷумҳурии мо, ки дорои фонди заъифи бозорӣ ва низоми ипотекӣ аст, аз он нигарон будан нашояд», – гуфт ӯ.



Вазири молия зикр кард, ки ахири моҳи гузашта дар Маскав ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, маълум гардидааст, ки кишварҳои ҳамҷавор – Ӯзбекистону Қирғизистону Туркманистон низ аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳеҷ осебе надидаанд.



С.Наҷмиддинов афзуд, ки ба туфайли бозсозии сохтории 5 сол қабл гузаронидашуда ба маблағи ҳудуди 160 млн. сомонӣ, ки дар натиҷаи он 8 муассисаи қарздиҳӣ барҳам дода шуда буданд, айни замон ҷумҳурӣ низоми устувори бонкиро доро шудааст.



Барои исботи гуфтаҳои худ вазир ҳамчунин омилҳои дигареро, аз қабили устувории қурби асъори миллӣ

 

ва афзоиши депозитҳои бонкиро ба андозаи 75 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта низ мисол овард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунадшаванд

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.