Тоҷикистон аз баргардонидани қарзи талабкардаи ХБА ба маблағи $47 млн. аллакай $15 миллионашро пардохт кард

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода имрӯз ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳояшро оид ба баргардонидани қарзи талабкардаи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), ки ба таври истисно аз моҳи январи соли 2004 то феврали соли 2006 дар доираи татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода имрӯз ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳояшро оид ба баргардонидани қарзи талабкардаи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), ки ба таври истисно аз моҳи январи соли 2004 то феврали соли 2006 дар доираи татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ ба Тоҷикистон ҷудо гардида буд, иҷро карда истодааст.




Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ ХБА дар асоси гузориши мудири масъули тақсимоти маблағҳо, аз Тоҷикистон талаб кард, ки ба Хазина 47,4 миллион доллари амрикоӣ маблағҳоеро, ки бо роҳи рӯйпӯш кардани маълумоту нишондиҳандаҳо гирифтааст, дар шаш навбат пардохт намояд. Пардохти маблағи нахустини қарз 5-уми сентябри соли 2008 ва охирин на дертар аз 5-уми феврали соли 2009 бояд амалӣ гардад.



Ба қавли Ш.Раҳимзода, феълан Тоҷикистон дар ду навбат $15 млн. аз маблағи умумии қарзро пардохтааст. «Мо омодаем кадом вақте набошад, маблағи боқимондаро низ пардохт кунем»- гуфт раиси БМТ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.