Раисӣ дар Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви ИДМ ба дӯши Нургалиев вогузор гардид

            Душанбе. 24-уми октябр. – Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тасмим гирифта шуд, ки мақоми раисӣ дар шӯро ба дӯши вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев вогузор гардад.             Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, қаблан ба ҳайси раиси шӯро вазири умури хориҷии Гурҷистон ифои вазифа мекард, вале таври […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 24-уми октябр. – Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тасмим гирифта шуд, ки мақоми раисӣ дар шӯро ба дӯши вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев вогузор гардад.





           

Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, қаблан ба ҳайси раиси шӯро вазири умури хориҷии Гурҷистон ифои вазифа мекард, вале таври маълум, ин кишвар аз ҳайати ИДМ хориҷ шуд.




           

Хабар дода мешавад, ки дар ҷаласа вазирони умури дохилии Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина ба масоили тиҷорати ғайриқонунии автомобилҳо дар қаламрави кишварҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд. «Иштирокдорони ҷаласа оид ба андешидани чораҳо ва баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати дарёфту қатъ сохтани роҳу воситаҳои интиқоли автомобили дуздидашуда тавассути марзҳо, пайгирӣ намудани маблағҳои аз ин тиҷорати ғайриқонунӣ бадастомада ва табодули маълумот дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткор дар ин самт тавофуқ ҳосил карданд», – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.




           

Тибқи маълумоти Интерпол, то 40 дарсади автомобилҳои дуздидашуда аз Аврупои Ғарбӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ фурӯхта мешавад. Дар давоми солҳои 2005-2007 танҳо дар Русия беш аз 2 ҳазор адад автомобилҳое, ки дар кишварҳои дигар дуздида шуда буданд, ошкор гаштанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.