БРО барои беҳбуди ҳамкории минтақавӣ дар бахши захоири об дар Осиёи Марказӣ ҳудуди $1 млн. бурс ҷудо мекунад

            Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассис оид ба идораи захоири об дар шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки рушди Осиё (БРО) Панелла Томас изҳор доштааст, ки роҳандозӣ нагаштани ҳамкории минтақавӣ оид ба захоири об ба беҳбуди ҳамгиройии иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ монеъа эҷод месозад. Аз ин рӯ, БРО баҳри беҳбуди ин вазъ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассис оид ба идораи захоири об дар шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки рушди Осиё (БРО) Панелла Томас изҳор доштааст, ки роҳандозӣ нагаштани ҳамкории минтақавӣ оид ба захоири об ба беҳбуди ҳамгиройии иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ монеъа эҷод месозад. Аз ин рӯ, БРО баҳри беҳбуди ин вазъ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.





           

Дар иттилоияи бонки мазкур гуфта мешавад, ки ҳамкории ғайриқаноатбахш ва нокофии кишварҳои минтақа (Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) дар бахши идораи низоми муштараки обӣ сабаби аслии муташанниҷии вазъ дар минтақа гаштааст ва он ба рушди босуботи минтақа таҳдид мекунад.




           

БРО ихтисос додани бурси минтақавии кӯмаки техникӣ ба маблағи 998 ҳазор доллари амрикоиро барои табодули донишу таҷриба оид ба идораи захоири оби минтақа ва таҳкими имконоти сохтори марбут ба он маъқул шуморидааст.




           

Бурс аз ҷониби Бунёди мултидонорӣ таҳти раҳбарии Барномаи БРО оид ба маблағгузории шарикона оид ба об (Water Financing Partnership Facility) ҷудо гардида, ҳукуматҳои кишварҳои Австралия, Австрия ва Норвегия ба он саҳм гузоштаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.