Тоҷирони Бритониё ба ҳамкориҳо дар бахши сайёҳии Тоҷикистон мароқ зоҳир сохтанд

            Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо ҳайати тоҷирони Бритониё таҳти сарварии директори иҷроияи ширкати « Investment Fostering Limited» доктор Б.А.Латиф доир гардид.             Аз палатаи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тоҷирони Бритониё ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо ҳайати тоҷирони Бритониё таҳти сарварии директори иҷроияи ширкати «


Investment Fostering Limited» доктор Б.А.Латиф доир гардид.





           

Аз палатаи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тоҷирони Бритониё ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ ва омӯзиши имконоти ҳамкорӣ ташриф овардаанд.




           

Раҳбари ҳайат, доктор Латиф чунин баён доштааст: «Мо ба бахши сохтмон ва истеҳсоли нафт дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастем, вале ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештаре дорем. Ширкати мо дар ин самт бо кишварҳое чун Фаронса, Испания ва Эрон ҳамкории муфид ба роҳ монда, дар ин кишварҳо якчанд меҳмонхонаҳои дараҷаи олӣ бунёд кардааст».




           

Дар навбати худ муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон О.Сангов изҳор дошт, ки табиати ҷумҳурӣ ба рушди сайёҳӣ мусоиду созгор аст ва тоҷирони Бритониё перомуни роҳандозии ҳамкориҳо дар ин соҳа метавонанд, бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ки аъзои палата аст, гуфтушунид анҷом диҳанд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.