КВД «Талко» ва ширкати «Гидро Алюминиум» оид ба таҳияи заминаи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи «Шӯроб» тавофуқ ҳосил карданд

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) ва ширкати «Гидро Алюминиум»-и Норвегия оид ба таҳияи заминаи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи обиву барқии «Шӯроб» бо иқтидори 1 ҳазор мВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил карданд. Тавре сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин тавофуқ дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) ва ширкати «Гидро Алюминиум»-и Норвегия оид ба таҳияи заминаи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи обиву барқии «Шӯроб» бо иқтидори 1 ҳазор мВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил карданд.




Тавре сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин тавофуқ дар конфронси байнулмилалии «Энергияи тоза – имконоти нави рушди манбаъҳои барқароршаванда ва алтернативии энергия дар Тоҷикистон», ки 22-уми октябр дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» доир гашт, ҳосил шудааст.



С.Қодирова инчунин изҳор дошт, ки миёни ин ширкатҳо перомуни таҷдиди корпусҳои истеҳсоли электролизии корхона низ гуфтушунид шудааст. «Танҳо дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ КВД «Талко» барои амалисозии чораву тадбирҳои ҳифзи муҳити зист 19 млн. сомонӣ маблағ хароҷот кард», – афзуд сухангӯи ширкат.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.