Сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асари вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор сар задаст

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқӣ, сабаби асосии сӯхтор дар бинои ҳукумати Исмоили Сомонии пойтахт унвон мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.   Ба гуфтаи манбаъ,   сӯхторхомӯшкунандагон тавонистанд, 4 корманди ҳукумати ноҳияро, ки […]

Виктория Наумова


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқӣ, сабаби асосии сӯхтор дар бинои ҳукумати Исмоили Сомонии пойтахт унвон мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.





 

Ба гуфтаи манбаъ,

 

сӯхторхомӯшкунандагон тавонистанд, 4 корманди ҳукумати ноҳияро, ки дар ошёнаи сеюми бино дар асорати дуд уфтода буданд, наҷот диҳанд.




 

Сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, субҳи имрӯз, дар утоқи шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, воқеъ дар ошёнаи дуввум дар натиҷаи бе назорат гузоштани асбоби гармидиҳии барқӣ сар задааст. Бар асари оташсӯзӣ, адади зиёди таҷҳизот пурра сӯхта нобуд гардиданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, масоҳати сӯхтор 50 метри мураббаъро ташкил дода, зарари аз он расида ба беш аз 12 ҳазор сомонӣ баробар будааст.



Ба иттилоъи манбаъ, ҳ


афтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии 91 ҳазору 430 сомонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Масоҳати умумии оташсӯзиҳо, 1 ҳазору 420 метри мураббаъро ташкил дод. Сабабҳои асосии ин сӯхторҳо, оташбозии кӯдакон, пайвасти нодурусти ноқилҳои барқӣ, вайрон кардани қоидахои бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои газию барқӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон шудаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.