Ғ.Бобозода: Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ қисман ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир хоҳад расонд

            Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода бар ин назар аст, ки бӯҳрони иқтисодии сартосарии ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири муассире нахоҳад дошт.             Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ ӯ изҳор дошт, ки ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон қисме аз иқтисоди ҷаҳон аст, ин бӯҳрон ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода бар ин назар аст, ки бӯҳрони иқтисодии сартосарии ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири муассире нахоҳад дошт.





           

Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ ӯ изҳор дошт, ки ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон қисме аз иқтисоди ҷаҳон аст, ин бӯҳрон ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири зиёде ба бор нахоҳад овард. «Табиист, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми молиявии ҳамаи кишварҳо таъсир мерасонад, вале имрӯз касе мушаххас гуфта наметавонад, ки он кай ва ба кадом андоза ба иқтисоди ҷумҳурии мо таъсир хоҳад расонд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки бахши молияи кишвари мо то ҳанӯз на ба он сатҳи рушд ноил гаштааст, ки ин бӯҳрон ба он ҳамаҷонибаву муассир таъсире расонад.




           

Ба қавли Ғ.Бобозода, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ коҳиши истеҳсолотро дар пай хоҳад дошт ва Тоҷикистон шояд таъсири онро дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳо эҳсос намояд.




           

Дар ҳамин ҳол, Ғ.Бобозода зикр кард, ки

 

дар 9 моҳи соли равон нишондиҳандаи муносиботи молии хориҷии Тоҷикистон қариб ба нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ муомилоти молии хориҷии ҷумҳурӣ бо назардошти нерӯи барқ ва газ $3 млрд. 544 млн.-ро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба $3 млрд. 639 млн. баробар шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.