Нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Остона ҷамъ омаданд

            Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар қатори ҳамтоҳои худ аз давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нахуствазири Тоҷикистон – Оқил Оқилов низ дар он ширкат меварзад. Дар ҷаласа инчунин намояндагони кишварҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар қатори ҳамтоҳои худ аз давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нахуствазири Тоҷикистон – Оқил Оқилов низ дар он ширкат меварзад. Дар ҷаласа инчунин намояндагони кишварҳои нозири созмон – Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон низ иштирок мекунанд.





           

Тибқи иттилои манбаъ аз дастгоҳи сарвазири Тоҷикистон, интизор меравад, ки дар нишасти Остона Эъломияи муштарак ва асноди дигари марбут ба ҳамкориҳои байни мамолики узви Созмон ба тасвиб хоҳанд расид.




           

Ба иттилои сарчашма, ин ҷаласа пас аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки моҳи август доир гашт, баргузор мешавад ва барои натиҷагирӣ аз ҷараёни иҷрои қарорҳои дар он қабулгардида аҳамияти муҳим дорад.




           

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти охирини нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ибтидои моҳи ноябри соли 2007 баргузор шуда буд, ки дар он қарор дар бораи буҷаи Созмон барои соли 2008 қабул гардида, роҷеъ ба баргузории нишасти навбатӣ дар Қазоқистон дар соли 2008 тавофуқ ҳосил шуда буд. Инчунин Эъломияи муштарак ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи гумрук ба тасвиб расида буд.




           

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки Тоҷикистон аз оғози фаъолияти созмон дар он нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи узвият дар СҲШ мунтазам дар тамринҳои низомии муштарак ва конфронсҳои илмиву анҷуманҳо ширкат варзида, дар таҳкими заминаи ҳуқуқии созмон саҳми босазо дорад.






Маълумотнома:





Созмони ҳамкории Шанхай Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дарбар мегирад.



26 апрели соли 1996 сарони давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми вохӯрӣ дар ш. Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишнома оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадиро ба имзо расонданд ва бо ин ба таъсисёбии «Панҷгонаи Шанхай» асос гузоштанд. 24 апрели соли 1997 дар ш. Маскав Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи нерӯҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби президентҳои кишварҳои ёдшуда имзо гардид.



Моҳи январи соли 2001 Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавриди пайвастан ба «Панҷгонаи Шанхай» изҳори хоҳиш намуд. 15 июни соли 2001 сарони шаш кишвар: Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эъломияи таъсиси СҲШ ва Конвенсияи Шанхайро дар бораи мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ имзо намуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.