Раиси шаҳри Душанбе баҳри бартараф сохтани норасоиҳо ба ширкати «Барқи тоҷик» то 15-уми ноябр мӯҳлат дод

            Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони микрорайону шӯрои маҳаллаҳо, кооперативҳои манзилӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор кард. Дар он масъалаҳои омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон ва вазъи санитариву эпидемиологии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.             Тавре сухангӯи раиси […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони микрорайону шӯрои маҳаллаҳо, кооперативҳои манзилӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор кард. Дар он масъалаҳои омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон ва вазъи санитариву эпидемиологии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ҳисоботи расисони комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ, раҳбарияти КВД «Хоҷагии коммуналии шаҳри Душанбе» ва мақомоти додситонии пойтахт шунида шуд.




           

«Дар ҷаласа зикр гардид, ки ба ҷуз вазифаҳое, ки ба ӯҳдаи воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик» гузошта шуда буданд, дигар ҳамаи қарорҳои раиси шаҳр оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон асосан иҷро шудаанд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар робита ба масъалаи аз тарафи воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик» иҷро нагардидани қарорҳо М.Убайдуллоев баҳри бартараф сохтани камбудиву норасоиҳои ошкоргашта дар низоми энергетикии пойтахт ба онҳо то 15-уми ноябр мӯҳлат дод. «Дар сурати иҷро нагардидани супориш нисбат ба шахсони масъул тибқи қонунгузории амалкунанда чораҳо андешида хоҳанд шуд», – афзуд сухангӯи раиси шаҳр.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.