Дар пойтахт миқдори зиёди ҳероини афғонӣ мусодира карда шуд

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро дарёфт ва мусодира карданд. Тавре сардори хадамоти матбуоти вазорат Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро дарёфт ва мусодира карданд.




Тавре сардори хадамоти матбуоти вазорат Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Қурбонов боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови сумкаи ӯ 6,5 кило ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт ӯ.



Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.