Ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон

                Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз намояндагони мардумӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома оид ба минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» ва «Панҷ»-ро тасдиқ карданд.             Дар маърӯзааш назди намояндагони мардумӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр гуфт, ки лоиҳаи санади мазкур […]

Аваз Юлдошев



            




  

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз намояндагони мардумӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома оид ба минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» ва «Панҷ»-ро тасдиқ карданд.





           

Дар маърӯзааш назди намояндагони мардумӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр гуфт, ки лоиҳаи санади мазкур баҳри рушди бахши саноат, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳия гардидааст.




           

«Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар майдони


320 гектар

ба муддати 25 сол

 

ва минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар майдони 400 гектари ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон

 

низ ба ҳамин мӯҳлат таъсис дода мешавад», – изҳор дошт муовини вазир.




           

Зикр гардид, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба масъалаҳои азхудкунии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби сармояву технологияи ҷадид таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. «Дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ коркард хоҳад шуд», – афзуд Амонулло Ашӯр.




           

Ба гуфтаи муовини аввали вазир, корхонаҳои мустақар дар ин минтақаҳо ба ҷуз пардохти андози иҷтимоӣ, аз пардохти андозҳои дигар озод карда мешаванд ва ҳангоми гирифтани раводид ба шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши фаъолият дар он мекунанд, имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.




           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Амонулло Ашӯр изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик бо қарори ҳукумат роҳбарони минтақаҳо таъин гардида, кор шурӯъ мешавад.




           

Қобили зикр аст, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис меёбанд ва интизор меравад, ки минбаъд боз ду минтақаи озоди иқтисодии дигар – дар ноҳияи Ишкошим ва Хатлон низ ташкил карда мешаванд.




           

Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ» 17-уми майи соли 2004 қабул гардида буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.