Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Волоҳазрат Оғохони
IV
, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) вазъ ва дурнамои ҳамкории тарафайни ҷумҳурӣ бо сохторҳои Бунёди рушди Оғохон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки сатҳи ҳамкории мутақобилаи имрӯза барои омӯзиши имконоти роҳандозии ҳамкории оянда баҳри рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам сохтааст.
Зикр гардид, ки феълан саҳми ширкатҳои Бунёди рушди Оғохон дар сохтмони иншооти гуногуни ҷумҳурӣ назаррас аст. Оғохони
IV
аз пешниҳоди М.Убайдуллоев роҷеъ ба иштироки сохторҳои Бунёди рушди Оғохон дар ифтитоҳи макотиби тарзи ҷадиди омӯзиш ва татбиқи барномаҳои таъмиру бозсозии роҳҳои мошингард, низоми обтаъминкунии пойтахт ва беҳсозии вазъи санитарии шаҳр пуштибонӣ намуд.


