Дар Душанбе масоили таъсири рӯйдодҳои Афғонистон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Date:


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдидҳо, имконот ва дурнамо» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.




Аз маркази мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки конфронс бо дастгирии Институти байнулмилалии тадқиқоти стратегии Лондон созмон дода шуда, дар он масоили ҷараёни воқеоту рӯйдодҳо дар Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши давлатҳои минтақа дар раванди бозсозии ин кишвар ва дастгирии тадбирҳои нерӯҳои эътилофи НАТО дар барқарории сулҳу суботи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Интизор меравад, ки дар кори конфронс 25 нафар коршинос аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва инчунин намояндагони САҲА, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...