Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» –
Чанде қабл сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Сударшан Канагараҷа дар Душанбе изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба коҳиши шумори муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ва ҳаҷми маблағҳои интиқолмекардаи онҳо боис шуда метавонад.
Номбурда зикр кард, ки тибқи пешбиниҳо бӯҳрон ояндаи наздик ба анҷом нахоҳад расид ва айни замон ҳудуди сеяки аҳолии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кор мекунанд. «Бӯҳрони молиявӣ шояд ба коҳиши талаботи кишварҳои корфармо ба қувваи корӣ оварда расонад ва табиист, ки он ба камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик боис мегардад», – гуфт ӯ.
Ӯ афзуд, ки дар соли 2007 саҳми муҳоҷирони тоҷик ба иқтисоди ҷумҳурӣ 1,5 млрд. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда 36 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 37 дарсади муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳуриро сокинони вилояти Суғд, 33 дарсадро сокинони вилояти Хатлон, 5 дарсадро аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1 дарсадро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.


