Дар Душанбе бар асари садамаи нақлиёт роҳгузар ба ҳалокат расид

Date:



Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахт бар асари ҳодисаи садамаи нақлиёт роҳгузар ба ҳалокат расид.






Тавре аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл

 

соати 21 дар кӯчаи Борбад ронандаи мошини ГАЗ-2705 Аҳмад Раҷабов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, роҳгузареро пахш мекунад. Бар асари ҷароҳатҳои бардошта роҳгузар ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расид.





Бино ба иттилои манбаъ, шахси фавтида сокини маҳаллӣ буда, синну солаш тахминан 50-55 сола аст. Феълан ному насаб ва ҷои иқомати ӯ муайян карда мешавад.





Ҳафтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ 26 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 10 тан ҳалок ва 23 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...