Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон идома доранд

            Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 9 то 12-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мегардад.             Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Озарбойҷонро бо шумули 73 нафар вазири фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон Абулфас Гараев роҳбарӣ мекунад. «Мулоқоти А.Гараев бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 9 то 12-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мегардад.





           

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Озарбойҷонро бо шумули 73 нафар вазири фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон Абулфас Гараев роҳбарӣ мекунад. «Мулоқоти А.Гараев бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар назар аст», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар толори намоишгоҳи Осорхонаи таърих ва бостоншиносии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи осори рассомони Озарбойҷон ташкил карда мешавад. «Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанг инчунин вохӯрии оҳангсози озарбойҷонӣ Элдар Мансуров бо омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва мулоқоти нависандаи Озарбойҷон Алӣ Амирлӣ бо нависандагони тоҷик барпо хоҳад гашт», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки дар театри драмавии русии ба номи Маяковский спектакли «Зани сарватманд», ки аз рӯи песаи Алӣ Амирлӣ ба саҳна гузошта шудааст, намоиш дода хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки ин спектакл дар ҷашнвораи байнулмилалии театрии чанде қабл баргузоршуда соҳиби ҷоизаи тилло гашта буд.



Зикр гардид, ки ҳамчунин консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Озарбойҷон низ баргузор мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.