Дар Душанбе се шаҳрванди Афғонистон бо ҳероин боздошт шуданд

            Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта кормандони Раёсати зудамали фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ ду шаҳрванди Афғонистон – Нурулло валади Абдуллои 45-сола ва Муҳаммад Акбар валади Ғуломмуҳаммадро боздошт намуданд, ки ҳангоми кофтуков аз онҳо 128 бастаи дорои хокаи сафедмонанд дарёфт ва мусодира […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта кормандони Раёсати зудамали фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ ду шаҳрванди Афғонистон – Нурулло валади Абдуллои 45-сола ва Муҳаммад Акбар валади Ғуломмуҳаммадро боздошт намуданд, ки ҳангоми кофтуков аз онҳо 128 бастаи дорои хокаи сафедмонанд дарёфт ва мусодира карда шуд.





           

Аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мувофиқи хулосаи ташхис муайян гардид, ки ин хока маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин буда, вазни он 1045,5 граммро ташкил медиҳад.




           

«Ҳангоми баргузории амалиёти иловагии фавриву ҷустуҷӯӣ боз як шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ёқуб валади Абдулазизи 65-сола низ боздошт шуд, ки аз пинҳонгоҳи махсуси ҷомадони ӯ ба миқддори


992,8 грамм

ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон узви яке аз гурӯҳҳои ҷинояткор мебошанд ва айни замон дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошта мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.