Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё (БРО) дар Тоҷикистон Шуенлин Лю масъалаи таҳияи стратегияи фаъолияти бонк дар бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот зикр шуд, ки бо дастгирии молиявии БРО дар ҷумҳурӣ 3 озмоишгоҳ мавриди истифода қарор гирифта, аз Амрико барои муайян кардани меъёри сифати нахи пахта аз рӯи талаботи байнулмилалӣ 2 таҷҳизот харида шудааст.
Номбурда инчунин изҳор дошт, ки БРО ҷиҳати бунёди ду коргоҳи тухмитозакунӣ дар минтақаи шимолу ҷануб ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ $2 млн. маблағ ҷудо карданист ва ин масъала айни замон ҳаллу фасл мегардад.
Н.Додобоев афзуд, ки вазир ба намояндаи бонк роҳандозии минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи картошкапарварӣ, парвариши сабзавот, зироатҳои техникӣ, гандум ва барои парвариши тухмии хушсифат дар заминаи хоҷагиҳои тухмипарва бунёд кардани озмоишгоҳҳои замонавиро пешниҳод сохт.


