БРО ҷиҳати бунёди ду коргоҳи тухмитозакунӣ ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ $2 млн. маблағ ҷудо карданист

            Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё (БРО) дар Тоҷикистон Шуенлин Лю масъалаи таҳияи стратегияи фаъолияти бонк дар бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Тавре сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот зикр шуд, […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё (БРО) дар Тоҷикистон Шуенлин Лю масъалаи таҳияи стратегияи фаъолияти бонк дар бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот зикр шуд, ки бо дастгирии молиявии БРО дар ҷумҳурӣ 3 озмоишгоҳ мавриди истифода қарор гирифта, аз Амрико барои муайян кардани меъёри сифати нахи пахта аз рӯи талаботи байнулмилалӣ 2 таҷҳизот харида шудааст.




           

Номбурда инчунин изҳор дошт, ки БРО ҷиҳати бунёди ду коргоҳи тухмитозакунӣ дар минтақаи шимолу ҷануб ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ $2 млн. маблағ ҷудо карданист ва ин масъала айни замон ҳаллу фасл мегардад.




           

Н.Додобоев афзуд, ки вазир ба намояндаи бонк роҳандозии минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи картошкапарварӣ, парвариши сабзавот, зироатҳои техникӣ, гандум ва барои парвариши тухмии хушсифат дар заминаи хоҷагиҳои тухмипарва бунёд кардани озмоишгоҳҳои замонавиро пешниҳод сохт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.