Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни ширкати «Укрважмаш»-и Украина ва Вазорати энергетка ва саноати Тоҷикистон оид ба сохтмони нерӯгоҳи обиву барқӣ дар ноҳияи Данғара ва нерӯгоҳи Сарвоз дар рӯдхонаи Кофарниҳон тавофуқ ҳосил шуд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ноҳияи Данғара сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 5 МВт ва дар рӯдхонаи Кофарниҳон бо иқтидори 50 МВт пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, вазорат ӯҳдадор шудааст, ки ба ширкати украинӣ ҷиҳати таҳияи заминаи фаниву иқтисодии лоиҳаи нерӯгоҳҳо маълумоти заруриро пешниҳод созад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки барои татбиқи ин лоиҳаҳо ширкати «Укрважмаш» ӯҳдадор гаштааст, ки то 1-уми январи соли оянда лоиҳаи хароҷоти молиявии тарҳҳоро омода сохта, то 1-уми марти соли 2009 бошад, ширкати сохтмонии иншоотҳоро таъсис диҳад.


