Хориҷ шудани Ӯзбекистон аз ҳайати ЕврАзЭС ба беҳбуди муносибати ин кишвар бо Ғарб вобаста аст, – назари сиёсатшиноси тоҷик

            Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шарҳи масъалаи хориҷ шудани Ӯзбекистон аз ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносиботи байнулмилалии Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов изҳор дошт, ки қабули чунин қарор ногаҳонӣ набуда, аз он интизор мерафт.             Ба қавли ӯ, ахиран хуб шудани муносибати ин кишвар бо мамлакатҳои Ғарб […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шарҳи масъалаи хориҷ шудани Ӯзбекистон аз ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносиботи байнулмилалии Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов изҳор дошт, ки қабули чунин қарор ногаҳонӣ набуда, аз он интизор мерафт.





           

Ба қавли ӯ, ахиран хуб шудани муносибати ин кишвар бо мамлакатҳои Ғарб ба мушоҳида мерасад ва Иттиҳоди Аврупову Америка таҳримҳои чанде қабл ҷорисохтаашонро нисбати Ӯзбекистон ба иллати гӯё беҳ гаштани вазъи рияои ҳуқуқи инсон муваққатан бекор кардаанд.




           

Номбурда мегӯяд, дар ҳоли бад шудани муносиботи Русия бо кишварҳои Ғарб чунин тасмими Ӯзбекистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тошканд афзалиятҳои сиёсати хориҷии худро қатъан ба манфиати Ғарб тағйир медиҳад. «Қарори раҳбарияти кишвари ҳамсоя қобили қабул буда, ҳузури минбаъдаи ин давлат дар иттиҳод аслан самаранок нахоҳад буд», – гуфт ӯ.




           

Ш.Ҳакимов бар ин назар аст, ки созмонҳои байнулмилалие, ки дар қаламрави ИДМ амал мекунанд, аслан фаъолияти назаррасе надоранд ва бештар на ба ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, балки ба сиёсати хориҷӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд.




           



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.