Дар Душанбе ширкати нави истифодаи партовҳои тиббӣ муаррифӣ мегардад

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ширкати тозае мавсум ба «ТИББЕКО сервис», ки дар соҳаи истифодаи партовҳои тиббӣ фаъолият хоҳад кард, муаррифӣ мегардад. Тавре аз ширкати номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ сурат гирифта, он бо мақсади омӯзиши 300 […]

Виктория Наумова


Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ширкати тозае мавсум ба «ТИББЕКО сервис», ки дар соҳаи истифодаи партовҳои тиббӣ фаъолият хоҳад кард, муаррифӣ мегардад.




Тавре аз ширкати номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ сурат гирифта, он бо мақсади омӯзиши 300 корманди тиббӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бо тарзи рафтори бехатар ҳангоми сарукор бо таҷҳизоти тиббии зараровар пас аз истифода доир мегардад.



Тибқи нақшаи пешбинишуда, иштирокдорон бо фаъолияти лоиҳаи муштараки Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҶДММ «ТИББЕКО-сервис» бо номи «Омӯзиш ва дастгирӣ» шинос мешаванд.



Дар машварати корӣ кормандони вазорати тандурустӣ, адлия, Маркази мубориза зидди бемории СПИД, бемории сил, раёсати ҳифзи муҳити зист ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.