Ба Хӯҷа-«командир» пайгарди қонунӣ эълом гардид

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба қумондони саҳроии собиқ Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон, собиқ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хӯҷа Каримов аз ҷониби Интерпол пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълом карда шуд. Тавре аз Дафтари марказии миллии Интерпол дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанд рӯз пештар ин дафтар аз кишварҳои узви ташкилот дархост кардааст, то дар […]

Аваз Юлдошев/Виктория Наумова


Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба қумондони саҳроии собиқ Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон, собиқ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хӯҷа Каримов аз ҷониби Интерпол пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълом карда шуд.




Тавре аз Дафтари марказии миллии Интерпол дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанд рӯз пештар ин дафтар аз кишварҳои узви ташкилот дархост кардааст, то дар ҷустуҷӯ ва истирдоди ин фармондеҳи саҳроӣ мусоидат намоянд, зеро ӯ дар даст доштан дар як қатор ҷиноёт дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Аз ҷумла, ба ӯ содир намудани ҷиноёти куштор, тамаъҷӯӣ ва ғорат нисбат дода мешавад. Тибқи маълумоти пешакии дафтари Интерпол дар Тоҷикистон, Х.Каримов дар қаламрави давлати Малайзия қарор дорад.



Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи Х.Каримов аллакай дар гӯшаи «Ҷустуҷӯ»-и сомонаи ташкилоти пулис ҷой дода шудаанд. Тибқи маълумоти ин сомона (


http




//


www


.


interpol


.


int


/


public


/


Data


/


Wanted


/


Notices


/


Data


/2006/43/2006_3343.


asp


), Х.Каримов ба гумони даст доштан дар ҷиноёт зидди ҳаёту саломатӣ, киднепинг ва ташкили ҷинояткории муташаккил ва фаромиллӣ гунаҳкор дониста мешавад.




           

Ёдрас мекунем, ки Хӯҷа Каримов ба ҳайси фармондеҳи саҳроии Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон, муовини аввали фармондеҳи бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (солҳои 1992-1993) фаъолият кардааст.




           

Моҳи ноябри соли 1998 дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ дар ташкили қатли намояндагони мардумӣ С.Шоев ва Т.Шукуров айбнома эълон карданд, вале дере нагузашта ӯ озод шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.