Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиносони Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Интер РАО ЕЭС»-и Русия корҳои таҳияи лоиҳаи сохтмони се нерӯгоҳи барқӣ дар Тоҷикистонро оғоз намуданд. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди лоиҳаҳои энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷиҳати омодасозии корҳои татбиқи ёддошти мазкур комиссияи дуҷонибаи корӣ таъсис гардид, ки дар Тоҷикистон то инҷониб ду ҷаласа баргузор кардааст.
Қобили зикр аст, ки ба ширкати Русия татбиқи се лоиҳа – Нерӯгоҳи Урфатин дар рӯдхонаи Хингоб, нерӯгоҳи Оббурдон дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳи Явроз дар рӯдхонаи Кофарниҳон пешниҳод гардид. «Коршиносон бо маҳали сохтмони иншоотҳо аз наздик шинос гардиданд», – гуфт манбаъ.
Манбаъ ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷиҳати мушаххас сохтани тамоми ҷузъиёти таҳияи лоиҳа гурӯҳи кории муштарак то ахири соли ҷорӣ боз як бори дигар дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Интизор меравад, ки заминаи фаниву иқтисодии лоиҳаҳо дар семоҳаи аввали соли 2009 омода хоҳанд гашт ва танҳо баъд ҷонибҳо оид ба алоҳида бунёд намудан ё дар як вақт сохтани се нерӯгоҳ тавофуқ ҳосил хоҳанд кард», – афзуд сарчашма.


