Кишварҳои Осиёи Марказӣ мақомоти байниҳукуматӣ оид ба соҳаи моҳипарварӣ таъсис медиҳанд

            Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе перомуни таъсиси мақомоти байниҳукуматӣ оид ба соҳаи маорифпарварӣ тавофуқи пешакӣ ҳосил гардид.             Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иштирокдорони мулоқот муддати як моҳ ин масъаларо бо ҳукуматҳои кишварашон ҳаллу […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе перомуни таъсиси мақомоти байниҳукуматӣ оид ба соҳаи маорифпарварӣ тавофуқи пешакӣ ҳосил гардид.





           

Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иштирокдорони мулоқот муддати як моҳ ин масъаларо бо ҳукуматҳои кишварашон ҳаллу фасл намуда, дар вохӯрии навбатӣ ба қарори ниҳоӣ хоҳанд расид.




           

Дар маросими ифтитоҳи мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вохӯрӣ бо мақсади муҳокимаи имкони таъсиси ташкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ дар соҳаи моҳипарварӣ гузаронида мешавад. «Таъсиси чунин ташкилот ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа мусоидат намуда, идора, тавсеъа ва рушди соҳаро таъмин хоҳад кард»,- гуфт ӯ.




           

Директори КВД «Моҳии Тоҷикистон» ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан дар ҷумҳурӣ 8 корхонаи бузург ва 14 хоҷагии моҳипарварӣ амал мекунанд.

 





           

Номбурда зикр кард, ки соли равон истеҳсоли моҳӣ ба 131 тонна расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 15,5 тонна бештар аст.




           

Ёдрас мекунем, ки мулоқоти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия ва Чин оид ба баррасии масоили мавҷудаи соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Созмони ҷаҳонии ғизо ва кишоварзии СММ ташкил гардида, он рӯзи 12-уми ноябр анҷом ёфт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.