Дар ҶСК «Интер РАО ЕЭС» корҳои лоиҳакашии сохтмони се нерӯгоҳи барқӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуданд

Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиносони Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Интер РАО ЕЭС»-и Русия корҳои таҳияи лоиҳаи сохтмони се нерӯгоҳи барқӣ дар Тоҷикистонро оғоз намуданд. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак […]

Виктория Наумова


Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиносони Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Интер РАО ЕЭС»-и Русия корҳои таҳияи лоиҳаи сохтмони се нерӯгоҳи барқӣ дар Тоҷикистонро оғоз намуданд. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди лоиҳаҳои энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд.




Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷиҳати омодасозии корҳои татбиқи ёддошти мазкур комиссияи дуҷонибаи корӣ таъсис гардид, ки дар Тоҷикистон то инҷониб ду ҷаласа баргузор кардааст.



Қобили зикр аст, ки ба ширкати Русия татбиқи се лоиҳа – Нерӯгоҳи Урфатин дар рӯдхонаи Хингоб, нерӯгоҳи Оббурдон дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳи Явроз дар рӯдхонаи Кофарниҳон пешниҳод гардид. «Коршиносон бо маҳали сохтмони иншоотҳо аз наздик шинос гардиданд», – гуфт манбаъ.



Манбаъ ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷиҳати мушаххас сохтани тамоми ҷузъиёти таҳияи лоиҳа гурӯҳи кории муштарак то ахири соли ҷорӣ боз як бори дигар дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Интизор меравад, ки заминаи фаниву иқтисодии лоиҳаҳо дар семоҳаи аввали соли 2009 омода хоҳанд гашт ва танҳо баъд ҷонибҳо оид ба алоҳида бунёд намудан ё дар як вақт сохтани се нерӯгоҳ тавофуқ ҳосил хоҳанд кард», – афзуд сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.