Корҳои сохтмон дар нақби «Истиқлол» 20-уми ноябр ба анҷом мерасанд

Date:



           

Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Анҷоми корҳои сохтмон дар нақби


«


Истиқлол


» 20-уми ноябр пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ хабар доданд.





           

Ба иттилои манбаъ, бетонпӯш кардани 454 метри нақб боқӣ мондааст. «Ҳамарӯза коргарон 66 метри мукааби роҳи нақбро бетонпӯш мекунанд», – гуфт сарчашма.




           

Зикр гардид, ки феълан дар иншооти мазкур 220 нафар машғули коранд, ки 197 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Тибқи супориши вазири нақлиёт ва комммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳими Ашӯр чанде қабл баҳри суръат бахшидан ба корҳои сохтмони нақб гурӯҳи корӣ бо шумули 42 нафар ташкил гардида, ба иншоот сафарбар гардида буд.




           

Ёдрас мекунем, ки бо супориши президенти Тоҷикистон баҳри халал нарасонидан ба корҳои сохтмончиён аз 12-уми сентябри соли ҷорӣ ҳаракати нақлиёт дар нақби «Истиқлол» манъ карда шуда буд ва сохтмончиён ба сарвари давлат ваъда дода буданд, ки дар муддати 35 рӯз ҳамаи корҳои пешбинишударо ба анҷом мерасонанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...