Китоби дуввуми сафири Тоҷикистон дар Чин бо номи «17 лаҳзаи олимпӣ» ба табъ расид

           Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нашриёти «Жэнминван»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, китоби таълифнамудаи «17 лаҳзаи олимпӣ»-и сафири Тоҷикистон дар ин кишвар – Рашид Олимовро аз чоп баровард. Ин китоб бевосита дар рӯзҳои баргузории Олимпиадаи Пекин таълиф гардида, ба ҳамаи иштирокдорон ва ташкилкунандагони бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ бахшида шудааст. Китоб аз 17 эссе иборат буда, […]

Виктория Наумова


           Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нашриёти «Жэнминван»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, китоби таълифнамудаи «17 лаҳзаи олимпӣ»-и сафири Тоҷикистон дар ин кишвар – Рашид Олимовро аз чоп баровард.




Ин китоб бевосита дар рӯзҳои баргузории Олимпиадаи Пекин таълиф гардида, ба ҳамаи иштирокдорон ва ташкилкунандагони бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ бахшида шудааст. Китоб аз 17 эссе иборат буда, мавзӯъҳои варзиш ва дӯстии халқҳоро ба ҳам муттаҳид сохтааст.



Аз ибтидо, онҳо пайдарпай тавассути сомонаи русзабони «Жэнминван» интишор мешуданд, ки ҳамарӯза бо эссеҳои Рашид Олимов дар сартосари ҷаҳон наздики 200 ҳазор нафар шинос мегардид. Бояд гуфт ин китоби дуюми сафири ҷумхурии мо дар Чин аст, ки ба табъ мерасад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...