Дар Душанбе Ҳафтаи Аврупо баргузор мешавад

Date:



           

Душанбе. 15-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 24 то 28-уми ноябр дар театри давлатии драмавии русии баноми Маяковскийи шаҳри Душанбе Ҳафтаи Аврупо баргузор мешавад. Чорабинии мазкурро Маркази фарҳанги «Бактрия» ва Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ташкил мекунанд.





           

Тавре аз Маркази фарҳанги «Бактрия» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинӣ ба таблиғи муколамаи фарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ бахшида, зеро дар кишварҳои Аврупо соли 2008

 

соли муколамаи фарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ эълон шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ бо мақсади огаҳии бештари мардуми тоҷик

 

бо фарҳангу анъанаҳои халқи Аврупо доир гардида, дар доираи он консерт, намоиши филмҳои аврупоӣ ва конфронсу мизҳои мудаавар барпо мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related