Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 100-солагии Нодир Шанбезода ҷашн гирифта шуд

            Душанбе. 15-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии шоири маъруф ва адабиётшиноси тоҷик Нодир Шанбезода конфронс баргузор гардид, ки дар он олимону адабиётшиносон, шогирдон, дӯстон ва хешу ақрабои шоир иштирок карданд.             Дар маърӯзаҳо оид ба ҳаёту эҷодиёти Н.Шанбезода саҳми ӯ дар таҳқиқоти паҳлӯҳои гуногуни адабиёти классикии форсу тоҷик […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 15-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии шоири маъруф ва адабиётшиноси тоҷик Нодир Шанбезода конфронс баргузор гардид, ки дар он олимону адабиётшиносон, шогирдон, дӯстон ва хешу ақрабои шоир иштирок карданд.





           

Дар маърӯзаҳо оид ба ҳаёту эҷодиёти Н.Шанбезода саҳми ӯ дар таҳқиқоти паҳлӯҳои гуногуни адабиёти классикии форсу тоҷик таъкид гардид. Шоир Варқа Охонниёз ёдовар шуд, ки Мирзо Турсунзода шоирро, «Энсиклопедияи адабиёти классикии форсу тоҷик» ном мебурд.




           

Иштирокдорони конфронс қайд карданд, ки Н.Шанбезода ҳамчун асосгузори назми шуғнонӣ дониста мешавад. Якчанд порчаи осори шоир ба ин забон қироат карда шуд. Қобили зикр аст, ки дар соли 1938 баъди чопи маҷмӯаи шеърҳои шоир бо номи «Гулғунча» шоир ба маҳбас кашида шуда буд. Дар замони салтанати Сталин шоир ду маротиба мавриди ҷазо қарор гирифта, бо сабаби ҷой надоштани ҳодисаи ҷинояткорӣ озод шуда буд.




           

Ёдрас мекунем, ки Нодир Шанбезода муддати зиёд ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти нашриёти «Ирфон» ифои вазифа намуда, дар чопи се ҷилди қиссаҳои «Ҳазору як шаб», ғазалиёти Ҳофиз, асарҳои Сайид Нафисӣ, Эраҷ Мирзо ва дигарон саҳми арзанда дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.