Дар Тоҷикистон аз оғози сол воридот нисбат ба содирот ду баробар афзуд

Date:


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 10 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 928,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 фоиз зиёдтар аст.




Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, воридот нисбат ба содирот ду баробар ($1 млрд.437,4 млн.) бештар аст.



Содироти мол ба $1 млрд. 245,5 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $28 млн. зиёд мебошад.



Воридоти мол $2 млрд. 682,9 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-октябри соли 2007 $643 млн. бештар аст.



дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2008 содирот ба андозаи 1,1 дарсад коҳиш ёфта, воридот ба миқдори 13,9 дарсад афзудааст.



Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 84 давлатҳои хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт. Дар муомилоти савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои узви ИДМ 43,7 фоиз ё тақрибан $1 млрд. 717,3 млн. ва ба ҳиссаи давлатҳои хориҷи дур 56,3 фоиз ё $2 млрд. 211,1 млн. маблағ рост меояд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...