Дар зарфи 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 13,1 дарсад расид

Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 13,1 дарсад расид. Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои нӯҳмоҳа ин рақам ба 12,7 дарсад баробар буд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,31 фоизро ташкил додааст ва ин дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 13,1 дарсад расид. Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои нӯҳмоҳа ин рақам ба 12,7 дарсад баробар буд.




Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,31 фоизро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 1,49 фоиз баробар буд.



Аз оғози соли ҷорӣ нархҳои маводи ғизоӣ 15 фоиз, маводи ғайриғизоӣ 5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 21,2 фоиз боло рафтаанд.



Тибқи пешгӯии Хазинаи байнулмилалии асъор, ахири сол мизони таваррум дар Тоҷикистон тақрибан 16 дарсадро ташкил хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, Хазина дар соли 2009 коҳиш ёфтани арзиши маводи ғизоӣ ва сӯзишвориро ба андозаи 20 дарсад дар сатҳи ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад.



Ба гуфтаи роҳбари намояндагии Хазинаи байнулмилалии асъор дар Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенинг, коҳиш ёфтани арзиши маводи ғизо ва сӯзишворӣ дар ҷаҳон то андозае афзоиши мизони таваррумро дар ҷумҳурӣ боздошта метавонад. «Ҳудуди 60 дарсади нишондиҳандаи мизони тавррум дар Тоҷикистон ба маводи ғизо рост меояд ва коҳиш ёфтани он ба беҳбуди вазъи қишри камбизоати аҳолӣ мусоидат хоҳад кард», – гуфт ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.