Дар Тоҷикистон аз оғози сол воридот нисбат ба содирот ду баробар афзуд

Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 10 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 928,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 фоиз зиёдтар аст. Ба иттилои сарчашма, тавозуни […]

Виктория Наумова


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 10 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 928,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 фоиз зиёдтар аст.




Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, воридот нисбат ба содирот ду баробар ($1 млрд.437,4 млн.) бештар аст.



Содироти мол ба $1 млрд. 245,5 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $28 млн. зиёд мебошад.



Воридоти мол $2 млрд. 682,9 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-октябри соли 2007 $643 млн. бештар аст.



дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2008 содирот ба андозаи 1,1 дарсад коҳиш ёфта, воридот ба миқдори 13,9 дарсад афзудааст.



Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 84 давлатҳои хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт. Дар муомилоти савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои узви ИДМ 43,7 фоиз ё тақрибан $1 млрд. 717,3 млн. ва ба ҳиссаи давлатҳои хориҷи дур 56,3 фоиз ё $2 млрд. 211,1 млн. маблағ рост меояд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.