Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Орду гандум арзон мешавад

Date:



           

Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори шӯъбаи рушд ва маҳдуд кардани фаъолияти монополии Раёсати сиёсати зиддинҳисорӣ ва рушди соҳибкории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Акбар Хоҷаев изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон арзиши орду гандум поин хоҳад рафт.





           

Номбурда то чӣ андоза поин рафтани арзишро дақиқан номбар накард ва танҳо зикр сохт, ки «дар ҷаҳон тамоили пастравии арзиши ин мавод ба назар мерасад ва хоҳ нохоҳ он ба Тоҷикистон низ асар хоҳад гузошт».




           

Ба қавли ӯ, ба коҳиш ёфтани арзиши орду гандум паст рафтани нархи сӯзишворӣ ва нишондиҳандаи ғаллаи соли равон ҷамъоварда дар ҷаҳон низ таъсир мерасонад. «Тибқи таҳқиқоти маркетингӣ, ҳаҷми зироати ғалладонаи соли ҷорӣ ҷамъоварда дар ҷаҳон 2 млрд. 200 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 3,8 дарсад зиёдтар аст.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то имрӯз беш аз 400 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст ва ин дар ҳолест, ки ин рақам соли гузашта ба 298 ҳазор тонна баробар буд. Зикр гардид, ки ин миқдор ҳосил то 70 дарсади талаботи ҷумҳуриро қонеъ месозад.




           

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон

 

ва Русия орду гандум ворид мегардад. Феълан арзиши як халта орди навъи якуми 50-килоӣ дар бозорҳои пойтахт ба 105 сомонӣ ($29,42) баробар аст.




 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...