Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Орду гандум арзон мешавад

            Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори шӯъбаи рушд ва маҳдуд кардани фаъолияти монополии Раёсати сиёсати зиддинҳисорӣ ва рушди соҳибкории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Акбар Хоҷаев изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон арзиши орду гандум поин хоҳад рафт.             Номбурда то чӣ андоза поин рафтани арзишро дақиқан номбар накард ва танҳо зикр сохт, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори шӯъбаи рушд ва маҳдуд кардани фаъолияти монополии Раёсати сиёсати зиддинҳисорӣ ва рушди соҳибкории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Акбар Хоҷаев изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон арзиши орду гандум поин хоҳад рафт.





           

Номбурда то чӣ андоза поин рафтани арзишро дақиқан номбар накард ва танҳо зикр сохт, ки «дар ҷаҳон тамоили пастравии арзиши ин мавод ба назар мерасад ва хоҳ нохоҳ он ба Тоҷикистон низ асар хоҳад гузошт».




           

Ба қавли ӯ, ба коҳиш ёфтани арзиши орду гандум паст рафтани нархи сӯзишворӣ ва нишондиҳандаи ғаллаи соли равон ҷамъоварда дар ҷаҳон низ таъсир мерасонад. «Тибқи таҳқиқоти маркетингӣ, ҳаҷми зироати ғалладонаи соли ҷорӣ ҷамъоварда дар ҷаҳон 2 млрд. 200 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 3,8 дарсад зиёдтар аст.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то имрӯз беш аз 400 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст ва ин дар ҳолест, ки ин рақам соли гузашта ба 298 ҳазор тонна баробар буд. Зикр гардид, ки ин миқдор ҳосил то 70 дарсади талаботи ҷумҳуриро қонеъ месозад.




           

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон

 

ва Русия орду гандум ворид мегардад. Феълан арзиши як халта орди навъи якуми 50-килоӣ дар бозорҳои пойтахт ба 105 сомонӣ ($29,42) баробар аст.




 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.