Дар Алмаато ҷаласаи Барномаи махсуси СММ оид ба истифодаи захоири обии Осиёи Марказӣ доир мегардад

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар иҷлосияи XVI -уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СПЕКА), ки рӯзҳои 18-21-уми ноябр дар шаҳри Алмаато доир мегардад, масъалаи истифодаи оқилонаи захоири обии ишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар доираи баргузории иҷлосия дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захоири […]

Виктория Наумова


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар иҷлосияи


XVI


-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СПЕКА), ки рӯзҳои 18-21-уми ноябр дар шаҳри Алмаато доир мегардад, масъалаи истифодаи оқилонаи захоири обии ишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар доираи баргузории иҷлосия дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захоири обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ» ҷаласаи гурӯҳи кории Барнома баргузор гашта, таҷрибаҳои амалии роҳандозии фаъолияти пурсамари истифодаи имконоти энергетикӣ матраҳ хоҳанд шуд.



Зимнан дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ гузориши амалисозии ҳамкориҳо оид ба мусоидат дар истифодаи оқилонаи захоири обӣ ва энергетикӣ ва андешидани чораҳои муассир дар ин бахшҳо муҳокима хоҳанд шуд. «Ҳамчунин атрофи масоили ҷараёни татбиқи қарорҳои Шӯрои мудирони Барнома ва таъмини бехатарии сарбандҳо дар Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.



Тоҷикистонро дар ҷаласа ҳайати коршиносони ҷумҳурӣ таҳти сарварии вазири мелиоратсия ва захоири обии кишвар Анвар Зокиров намояндагӣ мекунад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.