Дар фурудгоҳи пойтахт қочоқчии навбатӣ бо ҳероин дар дохили меъда боздошт шуд

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз ҳодисаи кӯшиши интиқоли маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо ба Русия ҷилавгирӣ карданд. Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини шаҳри Душанбе С.М. ният дошт, 9 бастаи ҳероинро […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз ҳодисаи кӯшиши интиқоли маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо ба Русия ҷилавгирӣ карданд.




Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини шаҳри Душанбе С.М. ният дошт, 9 бастаи ҳероинро дар дохили меъдааш ба хориҷи кишвар барорад. «Худи боздоштшуда зимни пурсиш гуфт, ки ин маводи мухаддири шахси дигар аст», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, ташхис ошкор сохтааст, ки мавод ҳероин буда, вазни умумии он 236 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Тибқи маълумоти агентӣ, соли равон аз ҷониби кормандони ин сохтор дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз 3 ҳодиса ва фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз 1 ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ карда шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.