Шумори донишҷӯёни тоҷик дар ИМА афзоиш меёбад

            Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти гузориши интишорнамудаи Донишкадаи байнулмилалӣ – «Дарҳои боз-2008», ки аз ҷониби Дафтар оид ба маориф ва робитаҳои фарҳангии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирӣ мешавад, дар соли хониши 2007-2008 шумори донишҷӯёни тоҷики муқими Амрико аз 164 нафар ба 364 нафар афзудааст, ки ин шумора нисбат ба соли […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти гузориши интишорнамудаи Донишкадаи байнулмилалӣ – «Дарҳои боз-2008», ки аз ҷониби Дафтар оид ба маориф ва робитаҳои фарҳангии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирӣ мешавад, дар соли хониши 2007-2008 шумори донишҷӯёни тоҷики муқими Амрико аз 164 нафар ба 364 нафар афзудааст, ки ин шумора нисбат ба соли хониши гузашта 122 дарсад бештар аст.





           

Тавре ёвари корманди масъули робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон Нигина Алиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар коллеҷ ва донишгоҳҳои ИМА ба миқдори 7 дарсад афзуда, феълан он 623 ҳазору 805 нафар донишҷӯро ташкил медиҳад.




           

Зикр гардид, ки дар соли хониши 2007-2008 137 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳо ва 48 нафар дар аспирантура таҳсили илм мекунанд. «Қариб нисфи донишҷӯёни Тоҷикистон ба омӯзиши забони англисӣ ҳамчуни забони дуввум фаро гирифта шудаанд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.