Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта вохӯрии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Шукрулло Раҳимназаров бо намояндагони Бонки исломии рушд баргузор шуд.
Тавре сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили рушди иқтисоду бахши кишоварзӣ ва роҳҳои паст кардани сатҳи камбизоатии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи бонк Ҳикмат Алиев изҳор доштааст, ки дафтари намояндагии бонк ҷиҳати муайян сохтани мизони камбизоатии аҳоли деҳоти Тоҷикистон таҳқиқот мегузаронад.
«Ҳ.Алиев ҳамчунин зикр кард, ки оянда бонк ният дорад, бо ин мақсад ҷиҳати харидани тухмии хушсифату серҳосили гандум ва тақсими он дар байни аҳолии деҳот 1,2 млн. доллари амрикоӣ маблағ ихтисос диҳад», – афзуд сарчашма.


