Эмомалӣ Раҳмон ба Украина меравад

            Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ният дорад, ба Украина сафари расмӣ анҷом диҳад. Интизор меравад, ки он аз 3 то 5-уми декабри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.             Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар сарвари давлатро роҳбарони сохтори иқтисодии ҷумҳурӣ, кормандони […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ният дорад, ба Украина сафари расмӣ анҷом диҳад. Интизор меравад, ки он аз 3 то 5-уми декабри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.





           

Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар сарвари давлатро роҳбарони сохтори иқтисодии ҷумҳурӣ, кормандони дастгоҳи иҷроия, намояндагони вазорати умури хориҷӣ ва васоити ахбори омма ҳамроҳӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Юшенко, нахуствазири ин кишвар Юлия Тимошенко ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.




           

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ҷузъиёти ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблиро, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафар як қатор созишномаҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар бахши энергетика, саноат ва дигар соҳаҳо ба тасвиб хоҳанд расид.




           

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти сарони ин кишварҳо дар Душанбе рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, мошинсозӣ, металургия, саноати ресандагию бофандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷи ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок, илму техника ва амнияту мудофиа аз самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвар маънидод гашта буд.




           

Виктор Ющенко муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт дорои дурнамои

 

махсусан бузург маънидод карда, изҳор дошт, ки

 

ҷониби Украина барои дубора ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудан аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода мекунад. Чунон ки ӯ изҳор дошт, Украина омода аст дар баробари ҳамаи

 

лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ҳамчунин дар

 

консорсиуми байналмилалии сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун

 

иштирок намояд.




           

Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Ющенко 10 санади муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла Нақшаи кории «Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба алоқаи ҳавоӣ ва ғайра ба имзо расид.




           

Маҳз ҳамон вақт Виктор Ющенко Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Украина даъват кард, ки аз ҷониби сарвари давлати Тоҷикистон бо қанотамандӣ пазируфта шуда буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.