Дар Эрон Ҳамоиши нахустини раисони пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё ба кор шурӯъ мекунад

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши нахустини раисони пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё озими шаҳри Теҳрон шуд. Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори форум беш аз 40 раиси пойтахтҳои давлатҳои Осиё, инчунин, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши нахустини раисони пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё озими шаҳри Теҳрон шуд.




Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори форум беш аз 40 раиси пойтахтҳои давлатҳои Осиё, инчунин, намояндагони 30 кишвари нозир ва 17 мамлакати аврупоӣ ва Амрикои Лотин ширкат меварзанд. «Ҳадафи ин ҳамоиш – ба роҳ мондан ва густариши муносиботи ҳамкорӣ миёни пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ мебошад», – гуфт Ш.Саидов.



Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин сардори раёсати ободонии шаҳри Душанбе Акбар Фаёзов ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт Дилшод Қурбонов шомиланд.



Дар ҳамин ҳол, тибқи ахбори интишорнамудаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи кори Ҳамоиш Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии ин кишвар доктор Алӣ Лориҷонӣ иштирок хоҳанд кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.