Ахири моҳи ноябр таъмини Тоҷикистон бо гази моеъ барқарор мегардад

            Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори департаменти таъминот бо маҳсулоти нафту газ ва ангишти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёраҳмад Бекаҳмадов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминот бо гази табиӣ, ки 10 рӯз пеш қатъ гашта буд, баъд аз таърихи 20-уми ноябр барқарор хоҳад шуд.             Ба қавли ӯ, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори департаменти таъминот бо маҳсулоти нафту газ ва ангишти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёраҳмад Бекаҳмадов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминот бо гази табиӣ, ки 10 рӯз пеш қатъ гашта буд, баъд аз таърихи 20-уми ноябр барқарор хоҳад шуд.





           

Ба қавли ӯ, талаботи нақлиёт ва аҳолии кишвар ба гази моеъ ҳамарӯза то 40 тоннаро ташкил медиҳад. «Таъминкунандагони асосии Тоҷикистон бо гази моеъ ҶДММ «ТоҷИрон» ва ҶДММ «Газпром нафт-Тоҷикистон» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром нафт») мебошанд. Доир ба шарҳи сабаби қатъ гаштани таъминот номбурда чизе нагуфт.




           

Қобили зикр аст, ки тайи ду ҳафтаи ахир норасоии гази моеъ дар кишвар шадидан эҳсос мегардад. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш кард, то аз ширкатҳои дар боло зикргардида доир ба иллати қатъи таъминоти гази моеъ маълумоте ба даст орад, вале он муяссараш нагардид. Дар ҶДММ «ТоҷИрон» аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ худдорӣ карда, телефонҳои ҶДММ «Газпром нафт-Тоҷикистон» ба иллати напардохтани ҳаққи хизматрасонӣ хомӯш карда шуда буданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.