Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти гузориши интишорнамудаи Донишкадаи байнулмилалӣ – «Дарҳои боз-2008», ки аз ҷониби Дафтар оид ба маориф ва робитаҳои фарҳангии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирӣ мешавад, дар соли хониши 2007-2008 шумори донишҷӯёни тоҷики муқими Амрико аз 164 нафар ба 364 нафар афзудааст, ки ин шумора нисбат ба соли хониши гузашта 122 дарсад бештар аст.
Тавре ёвари корманди масъули робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон Нигина Алиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар коллеҷ ва донишгоҳҳои ИМА ба миқдори 7 дарсад афзуда, феълан он 623 ҳазору 805 нафар донишҷӯро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки дар соли хониши 2007-2008 137 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳо ва 48 нафар дар аспирантура таҳсили илм мекунанд. «Қариб нисфи донишҷӯёни Тоҷикистон ба омӯзиши забони англисӣ ҳамчуни забони дуввум фаро гирифта шудаанд», – афзуд манбаъ.


