Бонки рушди Осиё ҷиҳати таҷдиди низоми барқтақсимкуни нерӯгоҳи Норак $54,77 млн. бурс ҷудо мекунад

Date:



           

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мусоидати Бонки рушди Осиё (БРО), иншоот ва таҷҳизоти кӯҳнаву фарсудашудаи низоми барқтақсимкуни нерӯи барқи Тоҷикистон, ки таҳти хавфи харобӣ қарор доранд, таҷдиду барқарор хоҳанд шуд.





           

Тавре корманди маъмурият ва танзимгар оид ба робитаҳои хориҷии намояндагии бонк дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар нерӯгоҳи барқии «Норак» ду дастгоҳи тақсимоти нерӯи барқ ҳанӯз 30 сол қабл насб шуда, айни замон кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва минбаъд қодир нестанд, ки тақсими мунтазами барқро таъмин созанд. «Ҳамзамон маҳалли ҷойгиршавии баъзе дастгоҳу таҷҳизот аз ҷиҳати таркиби хоки замин номусоид аст ва хавфи хароб гаштан дорад», – гуфт манбаъ.




           

Ба гуфтаи ӯ, Бонки рушди Осиё ҷиҳати таҷдиди низоми барқтақсимкуни нерӯгоҳи Норак $54,77 млн. бурс ҷудо мекунад. «Воситаҳои мазкур барои иваз намудани дастгоҳҳо истифода гардида, гузашта аз ин ин дастгоҳҳо ба макони бехавф низ кӯчонида мешаванд», – гуфт Т.Евстифеева.




           

Зикр гардид, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳа ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Барқи тоҷик» $1,2 млн. маблағ ҷудо мекунанд.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...