Британияи Кабир дар Тоҷикистон сафири нав таъин намуд

Date:


Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории


Regnum


бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Британияи Кабир иттилоъ медиҳад, ки ин кишвар дар Тоҷикистон сафири нави давлаташро таъин намудааст.




Тревор Чарлз Мур сафири нави Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Сафири тозатаъин аз моҳи январи соли 2009 ба иҷрои ваколатҳои худ шурӯъ мекунад. Сафири кунунии Британия дар Тоҷикистон Грэм Лотен моҳи июли соли 2004 ба ин вазифа таъин гардида буд.



Дар сафорати Британияи Кабир ин хабарро тасдиқ карданд ва афзуданд, ки феълан ин масъала бо ҷониби Тоҷикистон низ мувофиқа карда шудааст.



Тревор Чарлз Мур аз соли 1980 ба ҳайси дипломат фаъолият мекунад. Дар давоми фаъолият ӯ ба ҳайси корманди сафорати Британия дар Белград, Ню-Йорк, Вашингтон, кишварҳои Африқо, Барномаи кӯмаки техникии Британия ба Русия, котиби аввали сафорат дар Вена, муовини роҳбари департаменти Вазорати умури хориҷӣ дар Амрикои Лотин ва дигар мансабҳои дипломатии кишвараш ифои вазифа кардааст. Оиладор буда, соҳиби се писар аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...